​Наврӯз муборактарин ҷашнҳои миллии мост

Дар хобгоҳи №9-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” чорабинии идонаи наврӯзӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ Бахтиёр Шомирзоев – мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ ширкат намуда, ҳозиринро ба Наврӯзи хуҷаста шодбош гуфт. Ӯ баён дошт, ки ҷашни Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо ба шумор рафта, бо ғояҳои олии башардӯстонаи хеш, аз қабили дӯстиву рафоқат, ҳамкориву ҳамбастагӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои фаровони табиат мардумро сарҷамъ ва муттаҳид месозад.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён дастагули суруду мусиқӣ манзур гашт, ки хотири ҳозиринро болида намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ