​ДДХ: Таҷлил аз 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 24-солагииВаҳдати миллӣ таҳти унвони “Тоҷикистон дар масири Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ”конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ баргузор гашт.

Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, баён дошт, ки мафҳуми ваҳдати миллӣ дар сарнавишти миллат ва мардуми тоҷик баробари истиқлолият арзиш ва аҳамияти беназирро соҳиб аст. Беҳикмат нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки “Мо фарҳанги сулҳ ва ваҳдати бадастовардаамонро қадр ва ҳифз менамоем. Зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузург ва, зиёда аз ин, заминаи тамоми таҳаввулоти демократӣ мебошанд”.

Гуфта шуд, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти фаровонимоливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, дар сароѓози даврони навини таърихии давлатдории хеш ба буҳрони шадиди сиёсӣ рў ба рў гардид. Дар чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки бар асоси сабақҳои андўхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сўи созандагиву бунёкорӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёдтамоюл бахшид.

Ҳамчунин ректори донишгоҳ иброз дошт, ки маҳз, эътиқоду эътимод ба ибтикороти таърихии давлатмардону абармардони миллати тоҷик ва такя ва қудрату тафаккури зеҳнӣ ва маънавии тоҷикон, ки ба фитрати олии инсонии ин миллати созандаву бунёдкор пайванд мегирад, ба Пешвои миллати тоҷик нерў ва эътимоду бузург бахшид, то ҳанўз дар минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорате аз расидани сулҳи деринтизор ба сарзамини Тоҷикистон диҳад ва бо ҳиммати баланди инсонӣ аз миёни он гирудорҳову сангарҳои хунрез сулҳ, оромиш, ваҳдату ҳамдилӣ ва ягонагиро барои тамоми миллати воҳиди мо ваъда намоянд. Ҳамин эътиқод ва боварии тамом буд, ки миллати моро аз парешонии навбатии таърихӣ наҷот бахшида, роҳи ормонҳои маънавии тоҷиконро дар марҳилаи нав муқаррар намуд.

Дар идома Аъзам Ҳотамӣ-намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, Осими Оқил - раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Самандар Рӯзиев - раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва дигарон дар мавзӯъҳои “Истиқлолият ва саодати миллати тоҷик”, “Тасвири симои ду Сарвар: Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар матбуоти тоҷик” ва “Ваҳдат дастоварди миллати тоҷик” маърӯза намуданд.

Дар идома як қатор устодон, олимон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯён барои дастовардҳои илмӣ-инноватсионӣ, таълимӣ методӣ ва тарбиявию ҷамъиятӣ, ғолибони озмунҳои умумидонишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадр гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ