Озмуни “Олими сол-2020” дар бахши илмҳои дақиқ ҷамъбаст гашт
Озмуни “Олими сол-2020” дар бахши илмҳои дақиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъбаст гашт.
Дар бахши илмҳои дақиқ Абдураҳмон Қодиров – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идоракунии иқтисодиёти факултети иқтисодӣ мақоми аввалро касб намуда, бо медал, диплом ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳ қадр гардид.
Мақомҳои дуюмро дар бахши илмҳои дақиқ Толибҷон Хабилов – доктори илмҳои биология, профессори кафедраи зоология ва фзиологияи одаму ҳайвони факултети биология ва химия ва мақоми ифтихории баъдиро Насимҷон Умаров – номзади илмҳои физика-математика, дотсенти кафедари физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физикаи факултети физика ва техника гирифта, бо диплому мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода олимону муҳаққиқони донишгоҳро бо дастовардҳои шоёни илмӣ шодбош гуфт. Изҳори боварӣ намуд, ки олимону муҳаққиқон минбаъд низ бо пешниҳоду андешаҳои тоза, баёну баррасии самтҳои афзалиятноки маърифат дар пешрафти илм нақши бориз мегузоранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил