​Донандаи 5 забони хориҷӣ ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гашт

Рухшона Хидирова, яке аз он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба шумор меравад, ки дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолона дошта, мақомҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

Рухшона дар озмуни мавриди назар аз фанни забони англисӣ иштирок ва сазовори ҷойи аввал гашт. Номбурда донишҷӯи соли чоруми ихтисоси забони англисӣ мебошад. Бино ба нақл соли аввали хониши ӯ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тариқи шартномавӣ гузаштааст. Аз сабаби бо баҳои аъло хатм намудани соли аввали таҳсил ӯро ба гурӯҳи буҷавӣ мегузаронанд. Айни ҳол вай яке аз донишҷӯёни намунавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад.

Рухшона Хидирова дар баробари он, ки бо забони адабии тоҷикӣ озодона гуфтугӯ мекунад, донандаи хуби 5 забони хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ, индонезӣ, немисӣ, ӯзбекӣ мебошад.

Ӯ иштирокчии чанди озмунҳои байналмилалист. Аз ҷумла, соли 2019-2020 аз рӯйи натиҷаи иштирок дар яке аз озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба Индонезия сафар намуд. Дар қатори донишҷӯён аз 600 донишгоҳи ҷаҳон дар UNNES-Universetas Negeri Semarang як сол таҳсили илм кардааст.

Ӯ мехоҳад дар сатми омӯзиши забони англисӣ методҳои нави таълимиро дарёфт ва барои омӯзиш ба макотиби олӣ ва миёнаи кишвар пешниҳод дошта бошад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми май, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз..." баргузор гашт. Дар он 378 донишҷӯ аз 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар 14 равияи илм байни ҳам рақобат намуданд. Дар баробари 364 донишҷӯи 34 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 14 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ин озмун-олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, 13 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Бо ин натиҷа Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар сегонаи аввал қарор гирифт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ