Мулоқот бо донишҷӯёни аз хориҷ таҳсилкунанда

Дар факултетҳои забонҳои хориҷӣ, иқтисодӣ, забонҳои шарқ, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот бо донишҷӯёни аз хориҷ таҳсилкунанда баргузор гашт.

Дар вохӯрии мазкур Ҷамшед Истамқулов, иҷрокунандаи вазифаимудири шуъбаи робитаҳои байналмиалӣ доир ба будубоши донишҷӯёни хориҷӣ дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла, гирифтани раводиди семоҳа ва солона ва муҳлати бақайдгирӣ иттилоъ дод.

Дар идома, доир ба масъалаҳои таълиму тарбия, донишазхудкуниву илмомӯзӣ, давомот ва пешарфти донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ, тартиби гирифтан равоид ва тамдиди муҳлати он, ҳуҷҷатҳои лозима барои интиқол ба донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамкориҳои донишгоҳ бо донишкадаву донишгоҳҳои хориҷ ва ғайра табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ