​Ғолибияти донишҷӯдухтарони волейболбози донишгоҳ

Донишҷӯдухтарони волейболбози донишгоҳ ғолиби даври дуюми мусобиқоти ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Аз 16 то 18-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар натиҷаи рақобоат, дастаи волейболбозони мунтахаби МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ғолиби мусобиқа гашта, роҳхат ба даври ниҳоиро ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур ҳамасола бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гашта, дар се давр доир мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ