​Озмуни иншои беҳтарин: “Китоб-сарчашмаи дониш”

Дар факултети забонҳои шарқ даври аввали озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Китоб - сарчашмаи дониш” доир гардид. Озмуни мазкур бо ташаббуси Шӯрои олимони донишгоҳ роҳандозӣ гардида, дар он донишҷӯён аз тамоми гуруҳҳои факултет иштирок намуданд.

Раиси Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ Рӯзиев Самандар донишҷӯёнро бо шарти озмун шинос намуда, ҳадафи ин ташаббусро шарҳ дод.

Гуфта мешавад, ки ғолибон ба даври дуюми озмун роҳхат гирифта, бо ғолибони дигар факултетҳо маҳоратсанҷӣ хоҳанд намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ