Фестивал: Духтарони ҳунарманд маҳоратсанҷӣ намуданд

Бо иштироки донишҷӯёни факултети биология ва химия фестивали атласу адрас баргузор гардид. Иштирокчиён дар фестивали мазкур аз рӯйи як қатор шарт: саҳнача, намоиши либосҳои миллии тоҷик, буридани угро, хондани суруди алла, байтбаракхонӣ, рақси лезгинка, хондани суруд бо овози зинда маҳоратсанҷӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар фестивали мазкур муовини ректор оид ба тарбия Аюб Усмонов ва мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев ширкат намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз ин иқдом тарғиби либоси миллӣ ва таҳкими ҳувияти миллии донишҷӯён мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки дар партави дастури ректори донишгоҳ имрӯзҳо даври якуми фестивали "Атласу адрас-2021" дар тамоми факултетҳои донишгоҳ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ