​Мулоқот бо фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ

Бо ибтикори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқбо олими фолклоршинос, н.и.ф. Дилшод Раҳимӣ ва Абдулфаттоҳ Аминов мулоқот сурат гирифт.

Декани факултет дотсент Исломҷон Раҳимов мақсади мулоқоти мазкурро шарҳ дода, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумуҳрии Тоҷикистон Дилшод Раҳимиро хайрамақдам гуфт.

Зикр гардид, ки мулоқоти мазкур дар арафаи таҷлил аз Наврӯзи ҷаҳонӣ фоли нек буда, ҷиҳати ғанӣ гардонидани дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии донишҷӯён аҳамияти муфид дорад.

Олими фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ дар мавзӯи “Мероси ғайримодди фарҳангии халқи тоҷик ва ҳифзу муаррифии он дар сатҳи ҷаҳон” ибрози назар намуда, бахшҳо ва моддаҳои Конвенсияи фарҳанги ғайриоддиро шарҳу тавзеҳ дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ