​Ғолибони озмуни мақолаи "Донишгоҳи ман" муайян ва бо тӯҳфаҳо сарфароз шуданд

Озмуни мақолаи беҳтарини публитсистӣ дар мавзӯи "Донишгоҳи ман", ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик байни донишҷӯён эълон шуда буд, ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ шуданд.

Мувофиқ ба хулосаи ҳайати комиссияи озмун ҷойи якум ба донишҷӯи факултети забонҳои хориҷӣ - Манижа Шамсиева, ҷойи дуюм ба Сафаралӣ Сангинов, донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ ва ҷойи сеюм ба Қурбонова Моҳрӯза, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик сазовор дониста шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни мақолаи беҳтарини публитсистӣ дар мавзӯи “Донишгоҳи ман”, ки бо ташаббуси Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ роҳандозӣ шуд, донишҷӯён аз тамоми факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, беҳтаринҳо бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ