​Модар – сарчашмаи ҳаёт

Дар доираи силсилаи ибтикорот ба муносибати Рӯзи модарон дар факултети филологияи ӯзбек чорабинӣ доир гардид.

Ин иқдом аз ҷониби мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипова Мутаъбар ва муаллимони кафедраи мазкур ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он арҷгузорӣ ба хидматҳои бонувон маҳсуб меёбад.

Аз рӯйи қироати беҳтарини шеър дар васфи Модар байни донишҷӯён озмун сурат гирифта, ғолибон қадршиносӣ шуданд.

Ҳамзамон, дар бораи нақшу мақоми модар муаррифии беҳтарин манзур гардида, ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ