​Дар озмуни “Беҳтарин шеър» Шоҳҷоиза насби Абдуҷаббори Суруш гашт

Озмуни “Беҳтарин шеър», ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо ташаббуси маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон озмуни “Беҳтарин шеър” байни адибони тоҷик эълон гашта буд, ҷамъбаст гардид.

Дар доираи нишасти 190-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», ки бо иштироки адибону олимони маъруфи кишвар, адибони ҷавон, мухлисони адабу фарҳанг дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ғолибони озмун муайян ва қадр гаштанд.

Ба шеъри довталабон адибон ва олимони тоҷик аз ҷумла устодон Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Фарзона, Абдухолиқ Набиев ва Аҳмадҷон Раҳматзод доварӣ намуданд.

Ниҳоят “Шоҳҷиза “ насиби Абдуҷаббори Суруш гардида, Бузургмеҳри Баҳодур ва Мафтуна Қосимзода ҷои якум, Аниса Манонова, Родмеҳр Сулаймонӣ ҷои дуюм ва Шаҳриёр Олимӣ, Иброҳимҷон Дӯстализода мақоми сеюмро касб намуданд. Ҳамчунин шоири ӯзбекзабон Комилҷон Хушназаров бо Ифихорнома қадр карда шуд.

Дар поёни маҳфил ба ҳамаи меҳмонон туҳфаҳои арзанда, аз ҷумла китобҳои тозанашри адабиву илмӣ ҳадя гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ