​Семинар: “Баҳри пешгирии коронавирус дастаҷамъона мубориза мебарем!”

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ семинари омӯзишӣ-тарғиботӣ таҳти унвони “Баҳри пешгирии коронавирус дастаҷамъона мубориза мебарем!” доир гардид.

Чорабинӣ бо усули “Ҳамсол ба ҳамсол” ба роҳ монда шуда, зимни он аз ҷониби аъзои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” доир ба роҳу усулҳои пешгирӣ ва муқовимат бо вируси навъи COVID-19 маълумоти судманд дода шуд.

Дар қисмати дуюми семинари омӯзишӣ иштирокдорон байни ҳам табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ