​Намоиши беш аз 250 китоб дар МТМУ №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ифтихори 111-солагии Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиши китоб барогузор гашт.

Дар чорабинии мазкур беш 250 китоб, аз қабили 30 адад асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 китоби бачагонаи тозанашр ва зиёда аз 200 китобҳои нодир ва ҳамчунин ҳунарҳои эҷодӣ ва саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Устоди факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ, номзади илмҳои таърих, дотсент М Файзуллоев доир ба фаъолият ва ҳаёти ибратпазири Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров сухан намуда, ба хонандагон доир ба муҳтавои китобҳои ба намоиш гузошташуда мухтасаран маълумоти ироа намуд.

Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,

донишҷӯи бахши панҷуми

факултети таърих ва ҳуқуқ,

узви маҳфили “Нерӯи сухан

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ