Доир ба пешгирии сироятёбии бемории КОВИД-19 хониши сиёсӣ гузаронида шуд

Субҳи имрӯз, дар биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хониши сиёсӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар он масъулин ба донишҷӯён доир ба пешгирии сироятёбии бемории коронавирус тавсияҳои судманд дода, аз вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳон сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки раёсати донишгоҳ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар байни устодону донишҷӯёни донишгоҳ тадбирҳои муҳими маърифатиро ба роҳ мондааст.

Дар ин замина, ду фармоишҳои ректори донишгоҳ - “Оид ба таъсиси ситоди махсус” ва “Оид ба ҳифзи вазъи солимии омӯзгорону донишҷӯён” ба тавсиб расида, тибқи он бо раёсати дизенфексияи профилактикӣ дар вилояти Суғд ва шуъбаи санитарию эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба безараргардонии биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шартномаҳо баста шудаанд, ки корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Ҳамчунин зикри ин нукта рафт, ки ҷадвали вобастакунии масъулони сохторҳои донишгоҳ ҷиҳати назорати ҳамарӯзаи ҳолати санитарӣ ва эпидемологӣ дар биноҳои таълимии 19 факултет, 4 хобгоҳи донишҷӯӣ (№1, 2, 3 ва 9), китобхонаи марказӣ ва дигар иншоотҳо ташкил гаштааст. Тибқи ҷадвал ва реҷа ҳолати тозагӣ ва санитарию эпидемологӣ зери назорати доимӣ қарор гирифта, дар нуктаҳои тиббии биноҳои таълимии №1, №2 ва хобгоҳи №1 доруҳо барои ёрии аввалини тиббӣ таъмин ва китоби қайди беморон ташкил гардидааст. Аз ҷониби ҳамшираи шафқат мунтазам санҷидани ҳарорати бадани донишҷӯён ва омӯзгорон ба роҳ монда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ