​Теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ меафзояд!

Фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб меравад, ки дар маҷмӯъ барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар асноди ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ равона шудааст.

Ҳамкориҳои донишгоҳ баҳри густариши робитаҳои байналмилалӣ сол аз сол афзун гардида, обрӯю эътибори он дар дохили кишвар ва берун аз он баланд гардида истодааст. Дар самти кор бо донишҷӯёни хориҷӣ шуъбаи мазкур пеш аз ҳама барои иҷроиши асноди муҳими Ҳукумати кишвар ва мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба тақвият додани ҷараёни таҳсилоти донишҷӯёну магистрантони хориҷӣ дар донишгоҳ фаъолият мебарад. Ҳамчунин, баҳри иҷрои супоришҳои раёсати донишгоҳ оид ба назорати сифати таҳсилот, буду боши донишҷӯёни хориҷӣ ва сафарбар намудани муҳассилини кишвар, барои таҳсилот ба хориҷи кишвар кӯшиш намуда, нисбат ба соли 2018 сифатан ва миқдоран ба натиҷаҳои хуб ноил гардидааст.

Нодира Файзиева, донишҷӯи факултети тахсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегӯяд: Барои мо – донишҷӯёне, ки аз дигар кишварҳо дар ин ҷо таҳсил дорем, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Моро бо хобгоҳ таъмин намуда, аз ҳоламон ҳамеша хабар мегиранд, ки ин боиси хушнудии мо аст. Хурсанд аз онам, ки дар чунин донишгоҳи бонуфуз таҳсил дорам”.

Тибқи иттилои шуъбаи мазкур соли 2019 теъдоди донишҷӯёни хориҷии шуъбаи рӯзона нисбат ба соли 2018 600 нафар зиёд шуда, ин рақам ба 761 адад расид, ки онҳо асосан аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Афғонистон мебошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ