​Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!

Таҳти унвони “Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!” дар истироҳатгоҳи Бонкии милии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон лагери маърифатӣ-омӯзишӣ баргузор гашт.

Лагери мазкур бо ҷалби 60 ҷавони фаъолу пешсаф аз шаҳру навоҳии вилоят 6 рӯз ҷараён гирифта, устодону коршиносони Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз қабили Ваҳҳоб Набиев, Шавкат Шарипов, Иброҳим Ҷабборов, Киромиддин Мухторов, Ҳусейн Зайтметов, Хайёмиддин Исмоилов, Шодмон Нурматов ва Мирзосодиқ Сангинов баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва равонии иштирокчиён машғулиятҳои амаливу назариявӣ гузаштанд.

Дар чорабинии ҷамъбастӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Суғд Мирзоқосим Каримзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳзод Раҳимзода иштирок ва баромад карда, иброз доштанд, ки Пешвои миллат аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ба ҷавонон такя карда, ин қишри ҷомеаро қувваи пешбаранда унвон кардаанд. Илова гардид, ки файзи амалии сиёсати дурбинонаву ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрўз дар тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа нақши пуртаъсири ҷавонони кишвар ҳамчун нерўи ояндасоз эҳсос мегардад ва ҷавонон ба Тоҷикистони азизи худ хизматҳои шоиста ба ҷо оварда, барои рушди иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ҳиссаи арзанда мегузоранд.


Хотирнишон менамоем, ки лагери маърифатӣ-омӯзишӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо мақасади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон, ва ба ин васила, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба роҳ монда шуд.


Дар лагери мазкур 30 донишҷӯи Муассисаи давалтии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” фаъолона ширкат варзида, дар қатори дигар ҷавонони фаъоли шаҳру навоҳии вилоят бо гувоҳнома ва туҳфаи хотиравӣ қадр гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ