Озмуни “Олими сол-2020” дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ҷамъбаст ва ғолибон қадр гаштанд

Озмуни “Олими сол-2020” дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъбаст гашт.

Дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Ваҳҳоб Набиев – доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ ва Саидумрон Саидов - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики факултети филологияи тоҷик мақоми аввалро касб намуда, бо медал, диплом ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳ қадр гардиданд.

Мақомҳои дуюмро дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Маърифат Анварова – номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи филологияи араби факултети забонҳои шарқ ва мақоми ифтихории баъдиро Қурбонбой Бурҳонов – номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус гирифта, бо диплому мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода олимону муҳаққиқони донишгоҳро бо дастовардҳои шоён шодбош гуфта, изҳори умед намуд, ки минбаъд низ бо пешниҳоду андешаҳои тоза, баёну баррасии самтҳои афзалиятноки маърифат ва барои рушди самтҳои Тоҷикистон нақши бориз мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ