​Пешвои миллат ва рисолати касбии омӯзгор

Дар факултети филологияи тоҷик таҳти унвони Пешвои миллат ва рисолати касбии омӯзгор мизи мудаввар доир гардид.

Дар мизи мудаввар қайд шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешови миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши боризе дар рушди мактабу маориф гузоштаанд. Прфоессор Абдуҷамол Ҳасанзода баён дошт, ки дар ҳама давру замон омӯзгор дар радифи ашхосе қарор дошт, ки барои маърифатнок кардани ҷомеа нақши сазовор бозида, дар тарбияи шогирдони донишвар хидмати шоистаеро ба ҷо меовард. Дар сифати эшон аҳли адаби гузаштаамон борҳо андешаронӣ кардаанд ва мақому манзалати онҳоро басо шоиста ба шумор овардаанд. Чунончи, Абӯлайси Самарқандӣ дар “Бӯстон-ул-орифин” боберо дар баёни ривоёти фазилати муаллимон ва касби илм ва рафтан ба мактаб ва омӯхтан зикр намуда, овардааст, ки “муаллимон пас аз анбиё ва шуҳадо назди Худованд маҳбубтарин халқанд”. Ин аст, ки дар гузашта дар ҷаҳони ислом кулли донишмандон аз ҳурмату манзалати фавқулодда бархурдор буданд, ҳатто дар аҳди Сомониён ва қаламрави салтанати онҳо эшон комравотарин айёмро паси сар намудаанд.

Ин аст, ки Сарвари давлатамон дар баромадҳои худ ҳангоми ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, вохӯриҳо бо зиёиён, донишгоҳу донишкадаҳо, Паёмҳои ҳарсолаи худ борҳо аз нақши калидӣ доштани омӯзгорон дар парваришу омӯзиши толибилмон суханронӣ намуда, баён медоранд, ки шукуфоии маънавиёти миллат маҳз дар дасти онҳост.

Баъдан доир ба рушди соҳаи маориф ва илми кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ табодули афкор ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ