​Маҳфили илмӣ-фарҳангӣ: Зани сариштакору порсо….

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маҳфили илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Зани сариштакору порсо….” баргузор гашт.

Дар маҳфил мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, духтури амрози занонаи таваллудхонаи шаҳрӣ Насиба Ишанова ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Аз ҷониби иштирокчиён масоили сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занон, танзим, расму оин, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби занон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, эҳтиром ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии ҷаонон, ва дар ин замина, вазъи саломатии зан, бахусус духтарони ҷавон, ташхиси пеш аз никоҳ, оқибати никоҳи хешутаборӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар ҷамъбасти маҳфил озмуни "Бонуи ҳунарманд" аз рӯйи 5 шарт байни донишҷӯдухтарон ҷараён гирифт, ки ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ