​Ҷамъбасти спартакиадаи “Саломатӣ”

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҳайати профессорону омӯзгорон спартакиадаи “Саломатӣ” баргузор гардид.

Спартакиада аз 21-ум то 25-уми январ давом карда, дар он профессорону омӯзгорон аз рӯи 5 намуди варзиш – волейбол, тенниси рӯимизӣ, шашка, шоҳмот ва дартс байни ҳам қувва озмуданд.

Дар натиҷа ҷои сеюм насиби омӯзгорони факултети молия ва иқтисодиёти бозор, ҷои дуюм насиби омӯзгорони факултети математика гашта, ҷои якумро омӯзгорони факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ соҳиб шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ