​Конфронси илмӣ: “Уфуқи андеша”

Дар доираи ҳафтаи илм дар факултети таҳсилоти ғоибона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти унвони “Уфуқи андеша” конфронси илмӣ доир гардид. Аз ҷониби дотсент Аҳлиллоев Турдимурод дар мавзӯи “Вазъият ва дурнамои рушди илм ва маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза ироа гардид. Музаккир зимни баромади хеш ба масоили принсипҳо ва талаботҳои асосии дурнамои рушди маориф, самтҳои асосии таҳқиқи илмӣ-педагогии ба инкишофи таҳсилот ва илмҳои педагогӣ нигаронидашуда, самтҳои асосии инкишофи таҳсилот ва илмҳои педагогӣ дар марҳилаи кунунӣ, натиҷаҳои чашмдошт , захираҳои калидии рушди низоми маориф ва илм таваҷҷуҳ намуд. Дотсенти кафедраи табиӣ-риёзӣ Толибов Юсуфҷон дар мавзӯи “Истифодаи васеи осори пурарзиши илмӣ, адабӣ, таърихӣ ва асару дастурҳо ва мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таълим, тарбия ва корҳои илмӣ” гузориш муфассал ироа намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ