​Кафедраи алгебра ва геометрия: маҳфили илмии “Вектор”

Дар доираи “Ҳафта илм” бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ тадбирҳои судманд идома дорад.

Ин навбат дар кафедраи алгебра ва геометрияи факултети математика маҳфили илмӣ доир гардид.

Дар доираи маҳфил мавзӯи “Истифодаи матритса дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муаррифии мавзуъ тариқи тахтаи электронӣ сурат гирифта, ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва таҳкими иқтидори илмии онҳо унвон мешавад.

Ҳамзамон, дар доираи маҳфил миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ