Равишҳои нигориши мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ таҳти унвони “Равишҳои нигориши мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ” бо ширкати устодон, унвонҷўён, аспирантон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар он Нуралӣ Нуров - дотсенти кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷик баромад карда, доир ба муҳимтарин арзишҳои таълиф ва нигориши мақола шаҳру тавзеҳ дод.

Баъдан байни иштирокдорон доир ба роҳу усулҳои нигориши мақолаҳои илмӣ, оммавӣ ва шахсияти нигоранда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ