Истифодаи осори илмӣ, адабӣ, таърихӣ ва асару дастурҳо ва муҳтавои Паём дар раванди таълим, тарбия ва корҳои илмӣ

Дар факултети таҳсилоти ғоибонаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи илмӣ таҳти унвони “Уфуқи андеша” доир гардид.

Доир бамасоилиИстифодаи васеи осори пурарзиши илмӣ, адабӣ, таърихӣ ва асару дастурҳо ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таълим, тарбия ва корҳои илмӣ” номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Т.А. Аҳлиллоев маърӯза намуд.

Устодону донишҷӯён мавзӯи мавриди зикрро баррасӣ намуда, баён доштанд, ки супоришҳои Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ саривақтӣ буда, баҳри пешрафти илму маориф ва ҷавонони ояндасози миллат таъсири мусбат мерасонад. Афзалиятнокии ояндаи кишвар ба фаъолияти тахассусӣ ва рушди илму маориф вобастагии бештар дорад. Аз ин хотир шахсони соҳибмаърифату донишманд ва ихтироъкору эҷодкорро аз ҳисоби ҷавонон тарбия намудан яке аз вазифаҳои ҷиддию муҳими ҳар як омӯзгор аст.

Гуфта шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳиммияти масъала ба масъулони соҳа дастур доданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ