​Барномаҳои нави таълимӣ дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии ERASMUS + EXTEND ва DECIDE

Дар радабандии лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби намояндагони барномаи ERASMUS+ ва Дафатари милли ин ташкилот дар шаҳри Душанбе соли 2019 баргузор гардид, МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо 20 лоиҳаҳои худ мақоми аввалро ишғол намуд.

Ду лоиҳаи ин ташкилот, ки дар донишгоҳ амалӣ мегардад, дар ҳамкорӣ бо ду донишгоҳҳои бонуфузи кишвари Руминия дар амал татбиқ шуда, ба муваффақиятҳои назаррас низ ноил гардиданд. Яке лоиҳаи ERASMUS+EXTEND-“Беҳдошти таҳсилоти муҳандисӣ тавассути омода намудани омӯзгорон ва методҳои нави педагогӣ дар Русия ва Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи политехникии Бухарест ва дигаре лоиҳаи ERASMUS+DECIDE «Беҳтаргардонии хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Трансилванияи Брашов амалӣ карда мешаванд. Мутобиқи нақшаи ҳардуи лоиҳа бояд 8 модулӣ ё худ 8 барномаҳои нави таълимӣ аз ҷониби шарикони лоиҳа таҳия, мутобиқ ва татбиқ карда шаванд.

Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мутобиқи нақшаи лоиҳаи ERASMUS+EXTEND барои таҳияи як модул-“Омӯзиш дар асоси тадқиқотҳои илмӣ” муваззаф шуда буд ва ҳайати гурӯҳи кории лоиҳа дар донишгоҳ модули мазкурро пурра коркард ва татбиқи пилотии аввалии онро дар факултетҳои физика ва техника ва телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ барои магистрантон ва аспирантони равияи муҳандисӣ ва барномарезӣ моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ гузарониданд.

Татбиқи пилотии дуюм моҳҳои сентябр ва октбярӣ соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Мутобиқи нақшаи тасдиқгардидаи лоиҳаи ERASMUS+DECIDE аъзоёни гурӯҳи кории донишгоҳ барои таҳияи модули “Бархӯрди ниёзҳо: муошират ва ҳамкорӣ” камари ҳаммат бастанд ва модули мазкурро пурра коркард намуда, ба унвони ҳамоҳангсози кулли лоиҳа ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ирсол намуданд.

Дар назар аст, ки татбиқи пилотии аваллии лоиҳаи мазкур моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус барои омӯзгорон баргузор гардад. Давраи дуюми пилотии модул моҳҳои октябр ва ноябр ба нақша гирифта шудаст.

Дар нақшаи кории ҳардуи лоиҳаҳо таҳия ва татбиқи модули омӯзиши забони англисӣ бо мақсадҳои касбӣ яке дар самти муҳандисӣ ва дигаре дар самти кор бо шахсони имконияташон маҳдуд дарҷ гардидааст ва донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар таҳияи онҳо ҳамчун ҳамкор саҳмгузорӣ намуд ва онҳо низ дар зинаҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа баррасӣ карда мешаванд. Пас аз бо муваффақият гузаштани ду давраи пилотии модулҳо ва хуллоси мутахассисону консортсиуми лоиҳаҳо модулҳо барои дар нақшаи таълими ҷорӣ гардидан пешниҳод мегарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ