​Мизи мудаввар: Паём - роҳнамо ба зиндагии шоиста

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вобаста ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбия, доктори илмҳои таърих Аюб Усмонов ва ҷавонони фаъол мизи мудаввар доир гардид.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбия сухан карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки "Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба масъалаҳои рушди илму маориф, занону модарон, ҷавонон, маъюбону бепарасторон диққати ҳамагонро ҷалб намуда, аз ҷумла, таъкид доштанд, ки "Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд.
Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд."

Пешвои миллат бо ифтихормандӣ аз насли ҷавони замони истиқлол ҳарф зада, ба савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқи онҳо баҳои сазовор додаанд, ки ин ташаббус аз мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ, хоса ҷавонон масъулияти дучандро тақозо менамояд.

Ба таъкиди Пешвои миллат: "Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад".

Илова гашт, ки ҷавононро зарур аст ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат тамоми нерӯи худро бо масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ба омӯхтани илму донишҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ, ва бар ин васила, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии кишвар равона созанд.
Баён гат, ки раёсати донишгоҳ минбаъд низ дар партави дастуру супоришҳо ва сиёсати хирадмандонаву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому ташаббусҳои ҷавононро мунтазам ва ҳаматарафа дастгирӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолгардонии иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Дар идома, ҷавонон низ андешаҳои судманд ироа дошта, дар заминаи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ