​Такмили ихтисоси донишҷӯёни Ӯзбекистон дар донишгоҳ

Давоми 1 моҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои такмили ихтисос дар машғулиятҳои таълимии донишгоҳ ширкат доштанд.

Дар асоси шарномаи дутарафа Ҳусейнҷон Турғунбоев, Шаҳбоз Амиралиев ва Орифҷон Қориев донишҷӯёни соли дуюм ва сеюми шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Фарғона барои таҳсил ва иваз кардани таҷриба дар машғулиятҳои таълимии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси шартномаи дуҷониба дар назар аст, ки рӯзҳои наздик донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики донишгоҳ низ барои такмили ихтисос, ошноӣ бо раванди таълим ва низоми таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ