​Омӯзиши роҳҳои истифодабарии тахтаи интерактивӣ дар машғулиятҳои омӯзгорон

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика дар факултети филологияи рус семинариилмӣ-намунавӣоид ба “Омӯзиши роҳҳои истифодабарии тахтаи интерактивӣ дар машғулиятҳои омӯзгорон” гузаронида шуд.

Семинарро мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика - Ҳусенбой Аҳмедов оғоз намда, зикр кард, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи ҷавонони ояндасоз, ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замон, мутобиқати мазмуни таҳсилот ба шароити муосир дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Пас аз он, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ - Маҳфуза Абдуллоева оид ба омӯзиши роҳҳои истифодабарии тахтаиинтерактивӣ дар машғулиятҳои омӯзгорон маърӯза намуд.


Дар идома доир ба роҳҳои истифодабарии тахтаи интерактивӣ, ва дар ин замина, омодасозии мутахассисони бо назардошти талаботи бозори муосир табодули афкор ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ