​Баргузории Фестивали “Атласу адрас-2021” дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо мақсади тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ Фестивали “Атласу адрас-2021” баргузор гардид.

Дар он мудири шӯъбаи тарбия - Бахтиёр Шомирзоев, раиси бахши кор бо занон ва духтарон - Заррина Рустамова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон - Хайёмиддин Исмоилов ва доираи васеи устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дастандаркорони Фестевал дар ибтидо баён намуданд, ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаҳои ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати дастии занону духтарон, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонқарор дорад. Дар ин замина, таваҷҷуҳ ба эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла, атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ ва рӯзгодории халқи тоҷик, бештар гашта, он ҳамчун ифтихор аз гузаштагон ба қисми таркибии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ бадал гаштааст.

Чорабинии мазкур аз рӯи якчанд наминатсияҳо ҷараён гирифт, ки дар он ҳунарҳои милии занона, либосҳои кӯдакона, арусиву идона ва расмӣ намоиш дода шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби донишӯён барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзур гашт.

Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 марти соли 2021 таҳти №120 “Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали вилоятии Атласу -адрас” рӯйи кор омадааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ