​Бахшида ба 142 – солагии устод Садриддин Айнӣ маҳфили “Баҳори дониш” баргузор гардид

Бахшида 142-солагии устод Садриддин Айнӣ маҳфили илмӣ-адабии “Баҳори дониш”-и кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргузор гардид.

Маҳфилро декани факултети забонҳои шарқ номзади илмҳои филологӣ,дотсент Ислом Раҳимов ҳусни оғоз бахшида, аз рӯзгори устод Садриддин Айнӣ ва вхизматҳои шоистаи ин шахси бузург баҳри пешрафти забон ва адабиёти тоҷик сухан кард.

Сипас донишҷӯён доир ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ маърӯза карда, доир ба асари “Ҷаллодони Бухоро”-и устод Садриддин Айнӣ табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ