​Тоҷикистон - пешоҳанги масоили ҳифзи об дар ҷаҳон

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” бо ибтикори кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-пешоҳанги масоили ҳифзи об дар ҷаҳон” ташкил ва баргузор гардид.

Дар ибтидо, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, дотсент Ромиз Абдуллоев Р сухан оид ба аҳамияти об дар ҳаёти инсон ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанги ҳифзи захираҳои об дар миқёси ҷаҳон сухан намуд.

Баъдан, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Мурод Собиров дар мавзӯи “Пешвои миллат – асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон” маърӯза намуда ҷиҳати иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои об ва таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ибрози андеша кард. Зикр гашт, ки тавассути татбиқи иқдомҳои Пешвои муаззами миллат танҳо дар 15-20 соли охир дастрасии зиёда аз 750 миллион аҳолӣ ба манбаъҳои оби ошомидании ҷавобгӯи талаботи санитарӣ-экологӣ таъмин гардидааст.

Сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Бахтиёр Ёқубов оид ба “Ҳолати кунунии истифодаи захираҳои об дар вилояти Суғд” маълумоти муфассали воқеиро ба иштирокчиёни семинар пешниҳод намуда, вазъи мавҷударо баҳогузорӣ кард.

Дар давоми кори семинар магистранти соли аввали ихтисоси “экологияи умумӣ” Довуд Бадалов доир ба “Мавқеи тозанамоии партовобҳо дар беҳдошти муҳити зист” баромад намуда афзуд, ки безарагардонии партовобҳо дар сатҳи вилоят ҳолати ташвишовар дошта, он метавонад сабабгори ифлосшавии муҳити табиӣ бошад. Аз ин лиҳоз, мақомотҳои дахлдорро мебояд, ки ҷиҳати барқарорнамоии шабакаи рафъи партовобҳо дар шаҳру навоҳии Гулистон, Истаравшан, Ашт, Зафаробод ва ғайра тадбирҳои мушаххас андешанд.

Пас аз он, иштирокдорон доир ба масоили таъмини саломатии аҳолӣ, ҳифзи захираҳои об ва безараргардонии партовобҳо баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мубоҳиса намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ