​Масоили мубрами таълими фанҳои табиатшиносӣ дар синфҳои ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Имрӯз, дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Хусусиятҳои муносибати салоҳиятнокӣ дар таълими табиатшиносии синфҳои ибтидоӣ” баргузор гашт.

Дар аввал, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан намуда, гуфт, ки конференсияи мазкур ба муносибати фаъолияти назарраси яке аз омӯзгорони пуртаҷриба, инсони маърифатпеша ва фарҳангдӯсти факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, номзади илмҳои биологӣ, дотсенти кафедраи тибиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълимии онҳо Саъдинисо Валаматова ба роҳ монда шудааст.

Ҷамшед Ҷӯразода доир ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгории мавсуф баёни андеша намуда, зикр кард, ки асарҳои Саъдинисо Валаматова аз ҷумлаи “Хусусиятҳои биоэкологии баъзе намудҳои растаниҳои аҳамияти хошокидоштаи оилаи лӯбиёгиҳои Тоҷикистони Шимолӣ”, “Машғулиятҳои амалӣ аз фанни ботаника бо асосҳои экология”, “Гигиена ва физиологияи мактаббачагони хурдсол”, “Назария ва методикаи таълими табиатшиносӣ”, “Ботаника бо асосҳои экология ” нашр гардида, датсраси ҳаводорон ва шогирдон шудааст. Номбурда муаллифи 1 монография, 14 дастури методӣ ва беш аз 70 мақолаҳои арзишманди илмӣ дори ба масъалаҳои умдаи табиатшиносӣ мебошад.

Пас аз он, дар доираи муносибати салоҳиятнокӣ масоили мубрами таълими фанҳои табиатшиносӣ дар синфҳои ибтидоӣ ва дигар самтҳои он мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Дар идома, ҳамкорон ва пайвандони мавсуф доир ба фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ ва фазилату атвори Саъдинисо Валаматова ибрози назар карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ