​ДДХ: Зери номи “Рушди илм ва амалияи он дар марҳилаи ташаккули иқтисодиёти рақамӣ” конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Таҳти унвони “Рушди илм ва амалияи он дар марҳилаи ташаккули иқтисодиёти рақамӣ” дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ ҷараён гирифт.

Дар конференсия муовини Раиси вилояти Суғд - Анвар Яъқубӣ, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфулло Саидмуродов, доктори илмҳои иқтисодӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Саидаҳрор Ғуломов, намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва доираи васеи устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Дар оғоз маҳсули илмӣ-методӣ, техникӣ ва ҳунарии устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

Муовини Раиси вилояти Суғд - Анвар Яъқубӣ дори ба мавзӯи “Тоҷикистон дар роҳи рақамигардонии иқтисодиёти ватанӣ” баромад дошта, арз кард, ки дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоии пешравии давлат ва ҷомеа ба интихоби роҳи оптималии тараққиёт вобаста аст. Дар ин ҷода метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ доир ба масъалаи рушди минбаъдаи иқтисодии кишварамон диққати махсус дода, ҳадафи чоруми стратегии миллиро саноатикунонии босуръати мамлакат эълон намуданд. Аз ҷумла ба раванди бемайлони иқтисодиёти рақамӣ дар шароити ҷаҳониҳавӣ ишора намуда, чунин қайд намуданд: “Бо дарназардошти равандҳои муосир, мо бояд корро ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар соҳаҳои иҷтимоивёу иқтисодӣ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ вусъат бахшем”.

Таъкид гардид, ки Консепсияи хизматрасонии фазоии иқтисодиёти рақамӣ дар ҷумҳурӣ бо суръат рушд карда истодааст ва он бештар дар бахши савдо ва логистика амали мегардад. Моҳияти он пешниҳоди хидмати мушаххас ба соҳаи тиҷорат ва аҳоли барои ҳамоҳангсозии фаъолияти бахшҳои мухталифи бозор мебошад. Бо истифода аз хизматрасонии фазои иштирокчиёни ҷараёни такрористеҳсолкунӣ метавонанд ба дигар иштирокчиён бидуни ягон маҳдудияти ҷуғрофӣ алоқаманд шаванд ва хизмат расонанд.

Илова гардид, ки таҳлили рушди самтҳои алоҳидаи иқтисоди рақамӣ дар ҷумҳурӣ нишон дод, ки дар кишварамон заминаҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ, молиявӣ-андозӣ ва ташкили методии рушди иқтисодиёти рақамӣ фароҳам оварда шудааст. Ин имконият медиҳад, ки самтҳои алоҳидаи он дар ҳамалоқамандӣ рушду нумӯъ карда, дар таъмини рушди устувори иқтисодиёт замина фароҳам меоварад.Босуръат афзудани ҳаҷми маҳсулоти умуми дохила ва ҳаҷми ба сари як аҳолӣ рост омадаи он низ далели ин гуфтаҳост.

Муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров зимни баромади хеш доир ба масоили азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, рақамигардонӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар истеҳсолоти ватанӣ ибрози назар намуда, гуфт, ки технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои васеъ намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва осон гардонидани мушкилоти зиндагӣ равона гардидааст. Иқтисоди рақамӣ як ҷузви муҳими дастовардҳои назарраси замонавӣ дар соҳаи илмҳои муосир ба шумор меравад, ки ҳадафи асосӣ аз он вусъат бахшидани нерӯи инсонӣ, ки яке аз ҳадафтҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, маънидод карда мешавад.

Номбурда ишора ба он кард, ки Ҳукумати мамлакат дар самти ҷорисозии иқтисодиёти рақамӣ тадбирҳои зарурӣ андешидааст, ки ҳадаф пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеаи иттилоотӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани рақобат пазирӣ, афзоиши ММД ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад. Тамин намудани рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон, алалхусус баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ҳарчӣ зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расидан, батаври назаррас паст намудани сатҳи камбизоатӣ, инчунин ноил гардидан баҳадафҳои стратегӣ—таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръат мебошад.

Сипас, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфулло Саидмуродов дар мавзӯи “Доир ба консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Доктори илмҳои иқтисодӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Саидаҳрор Ғуломов доир ба масоили “Рушд иқтисодиёти рақамӣ дар Ӯзбекистон: даҳ технологияҳои нав” ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд- Абдураҳмон Қодиров оид ба “Рақамигардонӣ дар бозори асъор” сухан ронда, доир ба марҳилаи ташаккули иқтисодиёти рақамӣ, Тоҷикистон дар марҳилаи рушди иқтисодиёти рақамӣ, технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти рақамӣ ва ғайра ибрози назар доштанд.

Баён карда шуд, ки стратегияҳои муосири миллии рақамӣ масъалаҳои тараққиёти иқтисодиёт, сохтани корхонаҳои инноватсионӣ, баландбардории шуғли аҳолӣ, ташаккулисектори самарноки ҷамъиятиро ба миён оварда истодаанд. Аз ин лиҳоз, Ҳукуматибисёрдавлатҳо ба тараққӣ додани иқтисодиёти рақамӣ бо истифодабарии бартариҳои он барои ҷавоб ба даъватҳои асосии даврони муосир ба монанди кам намудани сатҳи бекорӣ, мубориза бо камбизоатӣ, деградатсияи (ҷараёни бадшавии тавсифоти ягон объект) муҳити атроф таваҷҷуҳи махсус равона намудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ