​Зери унвони “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат” ҷамъомади донишҷӯдухтарон ҷараён гирифт

Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳти унвониҶавонон - пайравони Пешвои миллат” дар хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо иштироки донишҷӯдухтарони факултети санъати тасвирӣ ва технология ва факултети математика ҷамъомад баргузор гашт.

Дар чорабинӣ донишҷӯён либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузошта, доир ба дӯстдории Ватан, Ваҳдати миллӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шеъру сурудқироат ва саҳначаҳои тарбиявию ҳаҷвӣ, рақсҳои миллӣ ва хориҷӣ пешниҳод намуданд. Ҳамчунин байни донишҷӯдухтарон Фестивал-озмуни либосҳои миллӣ гузаронида шуда, ғолибон қадр гаштанд.

Ҷамъомад бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда, мақсади он тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносиву худогохии миллӣ, ва ба ин васила, эҳёву ҳифзи арзишҳои моддӣ ва ғайримодии ниёгон маънидод карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ