​7 мақоми ифтихории дастпарварони донишгоҳ дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 9 дастпарвари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо маҳорат ва малакаи фитрии хеш иштирок ва аз он 6 нафар мақомҳои ифтихориро касб намуданд.

Аз ҷумла, аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик Сарфарозиддин Иморуддинов, магистранти соли аввали донишгоҳ сазовори ҷойи аввал ва дар ҳамин бахш Ҷавоҳир Ашӯров, донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи тоҷик, мақоми дуюм ва дар номинаи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосир Хосияти Шаҳобиддин, докторанти донишгоҳ зинаи сеюмро сазовор гаштанд.

Ҳамчунин, 4 намояндаи дигари донишгоҳ - Фараҳноз Абдуқодирзода, Покиза Шодмонзода, Исмоил Саидов, ва Зебохон Муллобоева ҷойҳои ифтихории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро соҳиб гашта, инчунин, 2 иштирокчии дигар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ки аз 7 то 15 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ