​Артиши миллӣ - кафили оромии босуботи ҷомеа

Дар заминаи 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети геоэкология таҳти унвони “Артиши миллӣ - кафили оромии босуботи ҷомеа” мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Мурод Собиров ифтитоҳ намуда, доир ба мавзӯи “Нақши Артиши миллӣ дар таъмини сулҳу суботи кишвар” маърӯза намуд.

Дар идома, донишҷӯёни факултет шеърҳо дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон, Артиши миллӣ ва ғайра қироат карданд.

Чорабинӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ доир гардида, аз ҳозирин даъват карда шуд, ки ҳамеша ба Ватани худ содиқ бошанд ва дар ин ҷода хизматҳои босазоро анҷом диҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ