Мулоқот: Баррасии зуҳуроти номатлуб

“Хушунат зуҳуроти номатлуб маҳсуб ёфта, мубориза бо он аз тамоми аъзои ҷомеа фаъолнокӣ тақозо мекунад” – ин нукта зимни мулоқот дар факултети физикаю техника таъкид шуд.

Мулоқоти мазкур дар доираи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат” сурат гирифта, дар он прокурори калони шуъбаи прокуратураи вилоят Ҷўраева Донохон Тўрахоновна иштирок намуд.

Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз ин зуҳурот тадбирҳои имконпазир амалӣ шуда, пайваста иқдоми судманд роҳандозӣ мегардад.

Аз донишҷӯён даъват гардид, ки маърифати ҳуқуқии худро такмил дода, дар самти мубориза бо падидаҳои номатлуб саҳим бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ