​Конференсия: Эъломияи умумии ҳуқуқи башар - санади бунёдии ҳуқуқи инсон

Имрӯз 12-уми декабри соли 2019, дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи вилоятии илмӣ-назариявии олимони ҷавон таҳти унвони “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар-санади бунёдии ҳуқуқи инсон” баргузор гардид.

Дар он дар баробари раисони Шӯрои олимони ҷавон, ноибдеканҳои илм ва инноватсияи факултетҳои донишгоҳ, ҳамчунин намояндагони донишгоҳҳои олии вилоят, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоњи иќтисод ва савдои Тољикистон, Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон иштирок доштанд. Ҳамчунин ширкат варзиданд.

Дар ибтидо, муовини ректор оид баилм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров ба кори конференсияи вилояти илмӣ-назарияви олимони ҷавон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос намуд. Сипас, маърӯзахои раиси Шӯрои олимони ҷавониДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Шуҳрат Саидзода дар мавзӯъи “Аҳамияти донишҳои сиёсӣ-ҳуқуқии ҷавонон дар шароити муосири давлатдорӣ”, Маърӯзаи раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Самандар Рӯзиев таҳти унвони “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар сарчашмаи Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлол”, Маърӯзаи раиси Шӯрои олимони ҷавони факултети таърих ва ҳуқуқ, Муҳаммад Шарипов доир ба “Эъломияи ҳуқуқи башар ва масъалаи ҳуқуқи инсон”, ва магистранти соли 1-уми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Фарангисхон Алиева оиди “Кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.

Баъдан доир ба ҷанбаҳои маърӯзаҳои ироагашта, ва дар ин замина, хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди давлату миллати тоҷик ва дигар масоили мубрами сиёсии замони муосир мубоҳиса ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ