Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон-қутбнамои сиёсати давлатӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 январи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ироа гардид, ки инъикосгари сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошад. Дар Паёми имсола сараввал таъкид гардид, ки он дар партави ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор шуда истодааст. Ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва ватандӯст вазифадор мебошад, ки саҳми арзандаи хешро дар ободонии Ватани азиз гузошта, хизматҳои шоистава арзанда намояд.

Қобили тазаккур аст, ки тамоми ҷаҳон дар соли 2020 ба бӯҳрони шадиди фарогир аз сабаби пандемия (COVID-19) дучор гардида, он ба иқтисодиёти миллии кишварҳои мухталиф зарари ҷиддӣ расонид ва Тоҷикистон низ дар қатори онҳост. Бо вуҷуди мушкилиҳои ба вуҷудомада баҳри таъмини амнияти мамлакат бо ибтикори Сарвари давлат Э.Раҳмон тадбирҳои саривақтӣ андешида шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии хешро ба кормандони соҳаи тандурустӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки эшон дар марҳалаи ҳассос барои халқи тоҷик қаҳрамониҳо ва шуҷоати бемисл нишон доданд.Дар Паёми имсола расман эълон гардид, ки дар Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2021 бемории COVID-19 вуҷуд надорад. Аммо аз тамоми шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои беҳдошти иҷтимоӣ риоя карда шавад. Аз якуми феврал бошад, фаъолияти масҷидҳо бо назардошти риояи қоидаҳои мавҷуда баҳри таъмини амнияти шахсӣ, оғоз мегардад.

Дар Паём ҳадафҳои стратегии кишвар - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвармавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт ва таъкид гардид, ки он марҳила ба марҳила ба субот расонида шуда истодааст.

Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ба шумор рафта, дар ҳама давру замон ба он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Ба хусус дар даврони соҳибистиқлолӣ низ Тоҷикистон дар пешбурди соҳаи маориф қадамҳои устувор монда, баҳри омода намудани мутахассисони соҳибкасб ба бозори меҳнат кӯшиш намуда истодааст. Дар сатҳи баланд донистани забони шевои тоҷикӣ, таърихи халқи тоҷик ва ҷуғрофия имкон фароҳам меоварад, ки ҳуввияти миллӣва худшиносии миллӣ афзун гардад. Дар Паёми имсола низ мавзӯи мазкур матраҳ гардида, қайд гардид, ки агар омӯзгор сатҳи баланди касбӣ надошта бошад, аз шогирдон натиҷаҳои мусбӣ интизор шудан ғайриимкон аст. Омӯзиши забони русӣ ва хориҷӣ ва технологияҳои навтарин аз шумораи вазифаҳои муҳим мебошад, ки дар назди соҳаи маориф истодааст. Мушкилот дар соҳаи маориф ин нарасидани муассисаҳои томактабӣ ва марказҳо мебошад.

Аз ҷониби Сарвари давлат Э.Раҳмон таъкид гардид, ки дар ҷодаи амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, бахусус омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Таъкид гардид, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома ёфта, ба номинатсияҳо мувофиқи синну сол ҷудо карда шавад. Аз ҷониби Сарвари давлат Э.Раҳмон таклиф шуд, ки ғолибони озмунҳо бидуни имтиҳон ба донишгоҳҳо қабул карда шаванд. Инчунин омӯзгорон ва волидайн барои ҳавасмандгардонии моддӣ ҷалб карда шаванд.

Ниёиш ва дастгирии фарзандони ятим ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат Э.Раҳмон қарор дорад. Дар Паёми имсола низ ироа гардид, ки нафақаи кӯдакони маъюб 20% афзун карда шавад. Илова бар ин бунёди се мактаб-интернат барои ятимони кулл дар кишвар иқдоми шоиста мебошад.

Ҳамин тавр, мазмун ва мӯҳтавои Паёми имсола ҳар як шаҳрвандро вазифадор месозад, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва ободонии Ватан саҳми босазои хешро гузоранд.

Ӯлмасова М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ