Баргузории даври донишгоҳии озмуни иншои беҳтарин

Даври донишгоҳии озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Китоб – сарчашмаи дониш» дар Китобхонаи илмӣ доир гардид. Дар озмун 18 нафар донишҷӯён – ғолибони даври факултетии озмун иштирок ва маҳоратсанҷӣ намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он дастгирии донишҷӯёни эҷодкор ва лаёқатманд унвон мешавад.

Гуфта мешавад, ки ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ