​Натиҷагирӣ аз ҳафтаи илм дар факултети санъати тасвирӣ ва технология

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология аз ҳафтаи илм натиҷагирӣ намуданд.

Декани факултет Ҷӯраева Хайринисо дар бораи аҳамияти чорабинӣ, семинар-машварат, озмун ва ташаббусҳое, ки дар доираи ҳафтаи илм доир гардид, сухан намуд.

Таъкид гардид, ки садорати факултет бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати тақвияти иқтидори илмии факултет талош намуда, дар ин самт аз имконот ва шароит фаровон истифода мебарад.

Ҳамзамон, ба як қатор иштирокчиёни фаъоли ҳафтаи илм ифтихорнома супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ