​Олимпиада: мақоми ифтихории ДДХ аз фанни физика

Рустамов Мубинҷон, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси физика ва математика дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Номбурда дар олимпиадаи мазкур аз фанни физика иштирок намуда, бо ба даст овардани 46 хол мақоми ифтихориро касб намуд.

Гуфтан зарур аст, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров танҳо аз фанҳои дақиқ 5 ҷойи ифтихориро соҳиб гардиданд.

Рустамов Мубинҷон, ғолиби олимпида аз фанни физика мегӯяд, ки дониши довталабон аз рӯйи як шарт: ҳалли масъалаҳо санҷида шуда, аз рӯйи холҳои бадастомада ғолибон муайян шуданд.

Бино ба гуфтаи ӯ, барои иштирокчиёни олимпиада аз фанни физика дар маҷмуъ 15 масъала пешниҳод гардид, ки аз онҳо дониши мукаммал ва маҳорати баландро тақозо мекард.

“Барои довталабон ҳамагӣ 2 соат вақт ҷудо гардид. Дар ин муддат моро лозим буд, ки 15 масъаларо ҳал намоем. Аз рӯйи фанни физика аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 нафар донишҷӯён сабқат намуданд”- иттилоъ дод Рустамов, ғолиби олимпиада.

Хотиррасон менамоем, ки олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор шуда, дар он 378 нафар донишҷӯён аз 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рақобат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ