​Беш аз 50 анвои гуногуни чорабинӣ ба муносибати Рӯзи Модарон: аз чорабинии тантанавӣ то озмуну маҳофили илмӣ – адабӣ

Шуруъ аз оғози фасли баҳор дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати арҷгузорӣ ба хидматҳои занону бонувон силсилаи чорабиниву маҳфилҳои гуногун вусъат дорад.

Бо дастури ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифагузориҳои Роҳбари давлат дар самти таҳкими нақши занону бонувон дар тамоми факултетҳои донишгоҳ Рӯзи Модаронро мутантан пешвоз гирифтанд.

Дар доираи чунин ибтикорот бо ҷалби доираи васеи муҳассилини донишгоҳ семинарҳои омӯзишӣ, озмунҳои мухталифи эҷодиву техникӣ, олимпиадаҳои гуногунсатҳ, мусобиқаҳои варзишии волейбол ва футбол байни донишҷӯдухтарони донишгоҳ, маҳфилҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, мулоқоту вохӯриҳои идона бо иштироки занони фаъолу барӯманди вилоят, ташкили чорабиниҳои тантанавӣ ва қадршиносии бонувони фаъоли донишгоҳ ба роҳ монда шуд.

Дар маҷмуъ, шуруъ аз оғози моҳи март то имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи Модарон беш аз 50 чорабиниҳои гуногун баргузор гардиданд, ки далел аз таваҷҷуҳу арҷгузорӣ ба занону бонувон унвон мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки силсилаи чунин иқдом дар донишгоҳ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ