​Донишҷӯён ба ҳафтаи идоракунӣ ҷалб мешаванд

Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ аз 15-уми феврали соли 2021 таҳти №151 аз санаи 5 то 9 апрели соли 2021 «Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии раёсату шуъбаҳо ва факултетҳои Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ба роҳ монда мешавад.

Ҳадаф аз ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти амалии раёсату шуъба ва садорати факултетҳои донишгоҳ татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани малакаи донишҷӯён, ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманд ва таҳқими нерӯи идоракунии онҳо унвон мешавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ