​Занон – нерӯи пешбари ҷомеа

Паёми табрикотии ректори донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Модарон ба самъи ҷомеаи бонувони факултети филологияи рус муовини ректор оид ба корҳои тарбия, профессор Усмонов Аюбҷон расонид.

Таъкид гардид, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихор мебошад.

Муовини ректор афзуд, ки дар замони муосир ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Саҳми онҳо хусусан, дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз шумораи умумии ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров феълан 55,6%-ро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон, ба як қатор занони фаъоли факултети филологияи рус сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ