​Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ

Ин навбат маҳфили илмию амалии кафедраи умумидонишгоҳии информатика таҳти унвони “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бо иштироки донишҷӯёни факултети иқтисодӣ сурат гирифт.

Дар доираи маҳфил байни иштирокчиён озмун гузаронида шуд, ки аз се шарт: «Кор бо тахтаи интерактивӣ», «Кор бо барномаивиросторони коркардӣ ададӣMS Excel» ва «Кор бо барномаивиросторони коркардӣ ададӣMS Word» иборат буд.

Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ҷойи якум ба донишҷўи соли аввал Фаёзов М., ҷойи дуюм ба Бобоҷонов сазовор дониста шуда, Ғиёсов А. ғолиби ҷойи сеюм гардид.

Ба ғолибон Ифтихорномаи ректори донишгоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки маҳфили “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” давоми ҳар моҳ як маротиба баргузор гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани савияи дониш, маҳорат, малака ва ҷаҳонбинии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ