​Паём ва сиёсати муваффақонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол

Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар зарфи си сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем. Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем. Дар баробари ин, хотиррасон месозам, ки солҳои аввали истиқлолият барои мардуми мо давраи озмоиши сахту сангини таърих буд.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Ин аст, ки бо Сарвари хирадманд ва дурандеш давлати тоҷикон руз то руз ба пеш рафта, зиндагонии мардуми шарифи он рӯ ба беҳбуди ниҳода истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар баробари истиқлолияти маънавӣ ва ҳарбӣ, ки ду шакли муҳими муҳофизати давлати мустақил мебошанд, саъю талош намояд ва даствардҳои бузургро ба даст орад.

Пайдост, ки иқдомҳои арзандаи Пешвои миллат дар рушди фарҳанги волову ҳуввияти баланди миллӣ, ҷашну анъана ва суннатҳои пурғановати аҷдодӣ барои тарғибу муаррифии хулқу атвори ҳамида ва тафаккуру маънавиёти созанда хизмат намудааст. Дар ин радиф, мо кулли сокинони мамлакатро месазад, ҳамчун дорандаву муаррифгари урфу одат, фарҳанг, расму оин, ҷашну маросимҳои бостониву шоистаи таҳсин дар роҳи татбиқи сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат тарғибгар бошем. Маҳз тавассути чунин иқдомҳои сарвари нозукбину дурандешаш кишвари азизамон ҳамчун узви ташаббускори ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Таҷрибаи начандон тўлонии соҳибихтиёрии кишврамон нишон дод, ки сиёсати “дарҳои боз”, ки аз ҷониби сарвари хирадманд, дурандешу ботадбирамон эълон гардида буд, манфиати бештар дорад. Таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмиллалӣ дурустии роҳи интихобкардаи сарвари давлатамонро дар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад.

Дар даҳаи саюми давлатдории мустақил таъмини ҳадафҳои стратегии давлат дастоварди бузургу беназир маҳсуб меёбад. Баҳри иҷрои ҳадафи асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагон бо нерӯи барқ, бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди нерӯи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар ин соҳа ва ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ соли 2020 дар мамлакат корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд, ки дар паём ҳамчун дастоварди муҳим зикр гардидааст. Бо мақсади ба як кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ вусъати тоза дорад. Ба воқеият табдил ёфтани ин нақшаҳои бузург амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлат сатҳ ва сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир дод. Ваҳдати миллиро тақвият бахшид. Амнияти давлати тоҷиконро асос гузошт. Обрӯи давлати моро дар минтақа ва ҷаҳон баланд бардошт. Заъфи маънавиёти миллӣ, як навъ хиҷолати саросарии мардумиро, ки дар натиҷаи ҷанги бародаркушӣ аз ҷониби хоинони миллат зуҳур карда, манзалат ва рӯҳи тоҷиконаро дар ҷаҳон хазон карда буд, бартараф сохт. Эътиқоди миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун будани тоҷикро барқарор кард, қудрати давлатсозӣ ва муҳимтар аз ҳама тавони давлатдорӣ доштанашро тасдиқ намуд. Дар маҷмуъ, аз муҳтавои Паём пайдост, ки кишвари маҳбубамон сол то сол ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, сатҳи зиндагии мардум баланд шуда истодааст.

Маърифати муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дарки дурусти вазъи кунунии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро фароҳам меорад, ҳамзамон водор месозад, ки ба умқи масоили мазкур густурда назар намоем. Моро месазад, ки ҳамчун инсони ватандўсту меҳанпараст гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ ҳисобида, баҳри истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастовардҳои назаррас саҳмгузор бошем.

Имрӯз метавон гуфт, ки тамоми дастовардҳо ва пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба фаъолияти заҳмати шабонарӯзӣ, кӯшишу ибтикори ин фарзанди фарзонаи миллат алоқаманд мебошад.

Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ тавонист, ки Тоҷикистон ва точикистониёнро ҳамчун миллати бофарҳанг ва дорои таърихи бузурги бесобиқа ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Дастовардҳои беназир ва бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки дар атрофи худ халқи тоҷикро сарҷамъ намуда, ҳама аз як гиребон сар бароварда, баҳри ободии кишвар камари ҳиммат банданд ва Пешвои миллат тавонистанд ба ҳамаи ин мушарраф гарданд.

Аз инҷост, ки имруз мардуми тоҷик ӯро аз хурд то бузург ҳамчун наҷотбахши миллат, поягузори давлати навин, ҳомии бахту саодат мешиносанд.

Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Каҳрамони Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таъриҳии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих ба чо оварданд. Мо имрӯз метавонем, бо сарбаландӣ, бо ифтихор бигуем, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун давлати ягонаи мустақил барпо шуд. Ҳеҷ кас ва ҳеҷқувваи сиёсӣ, аз ҷумла гуруҳҳои низоъангез, ки дастовардҳои Тоҷикистонро мудом нодида мегиранд, ҳукук надоранд мавҷудияти Тоҷикистон, пойдории Истиклолияти Тоҷикистон ва ягонагии Тоҷикистонро инкор намоянд. Зеро мо ба ин роҳ намедиҳем!

Исмоил Ваҳҳобов - устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ