​Тадбиқи илмҳои табиатшиносӣ дар саноат

Дар факултети физикаю техника бахшида ба ҳафтаи илм мизи муддаввар таҳти унвони “Тадбиқи илмҳои табиатшиносӣ дар саноат” бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултет гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар мудири лабораторияи физикаи Маркази илмии Хуҷандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор А. Абдуманнонов дар мавзӯи “Нақши илми физика дар саноатикунонии босуръти кишвар” ва номзади илмҳои химия, сармуаллими кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика Парвиз Пӯлотов дар мавзӯи “Нақши илмӣ химия дар саноат” маърӯза намуданд.

Мизи мудаввар бо музокираи устодону донишҷӯён ҷамъбаст гашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ