​Ҳафтаи илм дар факултети санъати тасвирӣ ва технология

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология дар доираи Ҳафтаи илм як қатор ташаббус роҳандозӣ гардид.

Дар доираи ин иқдом аз ҷумла, “Рӯзи дарҳои кушод” ба роҳ монда шуда, китобҳои соҳавӣ, маҳсули корҳои эҷодию илмии устодон, магистрантон ва донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамзамон, бо ташаббуси кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ дар доираи ин иқдом озмуни "Расми беҳтарин" дар мавзӯи "Тоҷикистон кишвари ободи ман", аз ҷониби кафедраи технология ва методикаи таълими он маҳфили илмии намунавии "Шарораи илм" ва бо иқдоми кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим озмуни "Графикони ҷавон" баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории чорабиниҳои дигар дар факултет идома дошта, дар он донишҷӯён ва магистрантон фаъолона иштирок доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ